Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи минтақавии ҳамоҳангсоз оид ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Ҷамъияти олмонии ҳамкорӣ дар самти байналмилалӣ ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани хавфи офатҳо гузаронида мешавад.
Дар кори форум роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз панҷ кишвари минтақа — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони хадамоти гидрометеорологии миллӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳаи коҳиши хавфи офатҳо иштирок менамоянд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар самти пешгирӣ, омодагӣ ва посух ба ҳолатҳои фавқулода, мубодилаи таҷриба ва беҳбуд бахшидани иқтидори сохторҳои дахлдор барои коҳиши талафот ва зарарҳои эҳтимолӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






