Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд

Октябрь 16, 2025 08:28

 ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  Иди Меҳргон, Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор  мешаванд.

Дар ҷашни  Меҳргон ва дигар идҳои кишоварзӣ деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашн мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ маҳсулоташонро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Кумитаву идораҳои давлатӣ дар ин ҷашнгоҳ дастовардҳои соҳаи худро пешниҳод менамоянд. Инчунин дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардад.

Дар ин рӯз барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ  пешқадамони соҳа ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Иди Меҳргон фаъолон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ  Меҳргон чун иди миллӣ  таҷлил мешавад.  Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд».

«Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз намуда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ менамуданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод мегуфтанд»,- тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Иди Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Аз ин рӯ ин ҷашн ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил мешавад.

Меҳргон воқеан ҳам ҷашни  мардумӣ буда, маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад