Дар Душанбе масъалаи татбиқи хизматрасонии давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ баррасӣ шуд

Октябрь 24, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ бо иштироки намояндагони вазорат ва Кумитаи андоз баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар машғулият иброз гардид, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён баргузор намудани ин машғулиятро саривақтӣ дониста, изҳор дошт, ки он ба татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» мусоидат мекунад.

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нарзулло Маликзода дар бораи дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди низоми андозбандӣ, махсусан дар заминаи рақамикунонии хизматрасониҳо сухан гуфт.

Ҳамзамон рӯнамои муфассал оид ба механизмҳои татбиқи Кодекси андоз, бартариҳои системаи электронии пардохт ва пешниҳоди ҳисобот, ҳамчунин нақши рақамикунонӣ дар беҳтарсозии муносибатҳо байни давлат ва андозсупорандагон пешниҳод гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд