Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамоии ҳамкории дуҷониба, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо барои таҳкими шарикии стратегии минбаъдаи Тоҷикистон ва Покистон изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Саид Асад Алӣ Гиланӣ роҳбарӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






