Дар Душанбе масоили технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо ҳамчун муҳаррики сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалии молиявӣ, роҳбарони ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ва бахши хусусӣ ҷаласаи панелии соҳавӣ дар мавзуи «Технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо — муҳаррики сармоягузорӣ барои оянда» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки рушди технологияҳои муосири молиявӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявӣ буда, асоси рақамикунонии иқтисод ва тавсеаи сармоягузорӣ ба бахши инноватсионӣ мебошад. Изҳор гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ сиёсати фарогири рушди низоми пардохт ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро идома медиҳад.
Иштирокдорон масъалаҳои калидии рушди технологияҳои молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми пардохт, истифодаи open banking, таъмини амнияти киберӣ, густариши саводнокии молиявии аҳолӣ ва имконияти ҷалби сармоя ба иқтисоди рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ, ташкили муҳити рақобатпазир барои ширкатҳои технологӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ арзёбӣ гардида, зарурати тақвияти ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ барои рушди устувори бозори молиявӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






