Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид. Зимни он ноширони ватанӣ ва хориҷӣ барои иштироки фаъолона бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия китобҳои тозанашрро пешниҳод намуданд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Зимни ҷамъбасти намоиш иброз гардид, ки фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ имкон дод, ки дар мамлакат теъдоди нашриёти давлатию хусусӣ сол ба сол афзуда, китоб ҳамчун василаи камолоти инсон мақоми хоссаро соҳиб гардад.
Ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ройгон дастрас гардидани «Тоҷикон» – шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадон ва таҷлили Рӯзи китоб аз ҷумлаи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми китоб дар мамлакат мебошад.
Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст. Он дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дӯсту бародар, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас ва ҷавон тавассути мутолааи осори адибон нақши созгор мегузорад.
Дар намоишгоҳ ноширони мамлакат, аз ҷумла Муассисаи нашриявии «Маориф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», «Нашриёти муосир», «Адиб» ва «Ирфон» китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд, ки хонандагон онҳоро бо хушнудӣ хариданд.
Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






