Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавӣ — ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 15 октябр дар доираи форум Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо муовини роҳбари Идораи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст намудани хавфи офатҳо Себастян Пенсини ва Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон Ботир Қудратхоҷаев вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хавфҳои офатҳои табиӣ, густариши иқтидори миллӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки омӯзишию иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон ҷонибҳо нақшаи нави ҳамкориро барои солҳои 2026-2027 имзо карданд.
Ҳамзамон иҷрои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода (9 марти соли 2018) мавриди муҳокима қарор гирифта, дар ин самт ҳама пешравиҳои соҳавӣ намунаи барҷастаи дастгириҳои сарони давлатҳо арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва табодули таҷриба изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ ҳамкории қавӣ дошта, дар ин самт масъулин кӯшиш менамоянд, ки дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо ҳамкориро боз ҳам густариш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Дар кори форум роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз панҷ давлати минтақа — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони хадамоти гидрометеорологии миллӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва мутахассисони соҳаи коҳиши хавфи офатҳо иштирок менамоянд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар самти пешгирӣ, омодагӣ ва посух ба ҳолатҳои фавқулода, мубодилаи таҷриба ва беҳбуд бахшидани иқтидори сохторҳои дахлдор барои коҳиши талафот ва зарарҳои эҳтимолӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






