Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,5 миллиард сомонӣ буда, афзоиш нисбат ба соли 2024 7,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 66 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 537 ҷойи кор ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон аз тамоми имконият пурсамар истифода бурда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2025 зимни суханронӣ дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 25,2 фоиз зиёд мебошад. Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст. Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст».
Сарвари давлат яке аз омилҳои кам гардидани истеҳсолоти саноатиро кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) ҳисобида, иброз намуданд, ки ин омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.
Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки барои ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар мамлакат ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 32,1 миллиард сомонӣ буда, суръати воқеии рушд 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар нишондиҳандаи умумии ҷумҳурӣ 27,3 фоиз мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






