Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» дар масоҳати 3861 гектар таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз, зимни ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи рақами 8, Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардидааст.
Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро дар бар мегирад.
Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






