Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон 67 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд ва дар 110 муассисаи дигар сохтмон идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Барои рушди кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар доираи Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад.
Дар сатҳи кумаки аввалини тиббию санитарии соҳа имрӯз шакли намунавии кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияи Данғара, Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе ва Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд оғоз гардидааст. Дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо бо муайян намудани манбаи маблағгузории онҳо таҳия гардидааст.
Бо мақсади дарёфти саривақтӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ дар мамлакат аз ҷониби кормандони муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ҳамарӯза гардишҳои ҳавлигӣ гузаронида мешаванд. Ин омил ба назорати пайвастаи диспансерии беморони гирифтори бемориҳои музмин ва маъюбони гурӯҳҳои гуногун мусоидат менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем».
Имрӯзҳо дар дурдастарин минтақаҳои мамлакат низ муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо муҷаҳҳазнамоии шароити тиббии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 июни соли 2025 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз сохтмон ва таъмиру навсозӣ дар деҳаҳои ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнон муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо ба истифода додани муассисаҳои тиббии замонавӣ дар ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад. Дар ин муассисаҳои навбунёди тандурустӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имконияти мусоид фароҳам гардида, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






