Дар ноҳияи Мастчоҳ нақшаи ҷамъоварии пахта қариб 80 фоиз иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 128 гектар пунбадона кишт намуданд ва ният доранд, ки аз он беш аз 30 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, нақшаи истеҳсоли пахта барои соли равон 27 ҳазору 391 тонна муайян гардидааст. То 23 октябр дар ноҳия 21 ҳазору 873,4 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 79,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамарӯза беш аз 14 ҳазор саҳмдорону ҳашарчиён дар саҳро ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Бояд гуфт, ки пахта ашёи муҳими соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, ҷамъоварии он ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






