Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Октябрь 23, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки васеи сокинони кӯчаи Айнӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла заминларза ва сӯхтор дар биноҳои баландошёна корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни чорабинӣ масъулини бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба сокинон дар бораи хусусияти заминларза, қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ларзиши замин, тарзи дурусти тарк кардани бино, интихоби ҷойҳои амн ва расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳсору зилзилахез ҷойгир буда, эҳтимоли ба амал омадани заминларза ҳамеша вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, донистани қоидаҳои одии бехатарӣ барои ҳар шаҳрванд зарур аст.

Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бораи омилҳои асосии бавуҷудорандаи сӯхтор, роҳҳои пешгирии он ва тарзи дурусти истифодаи асбоби барқию таҷҳизоти ошхона маълумот пешниҳод намуданд.

Сокинон изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи онҳо дар самти ҳифзи амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.

Аз сокинони биноҳои баландошёна даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои амнияти зиддисӯхториро ба таври ҷиддӣ ва ҳатмӣ риоя намоянд. Дар ҳолати ба амал омадани ҳолати фавқулода фавран ба рақамҳои наҷот — 01, 101 ва 112 муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории чунин тадбирҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ, пешгирии талафоти ҷонию молӣ дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода ва таҳкими ҳамкории мақомоти наҷот бо ҷомеа мебошад.

 

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд