Дар ноҳияи Спитамен беш аз 2000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен 10 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дошта, 2263 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Спитамен иттилоъ доданд.
Дар ноҳия бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ кӯдакистони нав бунёд мегардад, ки дар он беш аз 200 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Куруш низ корҳои сохтмонӣ дар бинои нави кӯдакистон идома дошта, ин муассиса барои 300 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.
Бояд иброз намуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






