Дар ноҳияи Спитамен маъракаи пахтачинӣ идома дорад

Октябрь 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо барои сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани маъракаи пахтачинӣ ҷалби тамоми захираҳо ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда зарур мебошад. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен маъракаи пахтачинӣ ҷараён дорад. Кишоварзон то имрӯз нақшаи ҷамъоварии пахта, ки 14 ҳазору 291 тонна муайян гардидааст,  94 фоиз иҷро намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли равон пахтапарварони ноҳия  бо истифода аз тухмии серҳосил ва риояи талаботи агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев ва Сарбанд нақшаи пахтасупорӣ барзиёд иҷро гардидааст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чинакчиёни пешқадам барои саҳмгузориашон дар ҷамъоварии беталафи ҳосил қадрдонӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор барои деҳқонон сол то сол афзоиш ёфта, аз ҷониби давлат имтиёзҳои гуногун пешбинӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 7 октябри соли 2025 кишоварзони мамлакат 261 ҳазору 264 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки дар як рӯз 6110  тоннаро ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен

Октябрь 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд