Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Эрон намоиши осори замони Сомониён ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили намоиши муваққатии осори замони Сомониён аз фонди Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо директори Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Ҷумҳурии исломии Эрон хонум Саҳар Фурӯзонпур дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки директори Осорхонаи миллӣ зимни мулоқот доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи муассиса, аз ҷумла корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, экспозитсионӣ-намоишӣ, бостоншиносӣ, экскурсионӣ, фондӣ, тармимгарӣ ва дигар фаъолияти осорхонавӣ иттилоъ дод.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






