Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ҷониби табибони тоҷик нахустин маротиба ҷарроҳии гирифтани омоси чуқур ҷойгиршудаи қисми мобайнии мағзи сар гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар сари бемор амалиёти ҷарроҳии мураккаби мағзи сар бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир (аз ҷумла микроскопи муосири ҷарроҳӣ) гузаронида шуд.
Ба иттилои ҷарроҳон, дар ин ҷарроҳӣ омос бо истифода аз тасвиргирии дохилиҷарроҳӣ (УЗИ) муайян карда шуд. Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноиш, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронида шуд.
Дар айни замон вазъи саломатии бемор хуб буда, шикоятҳое, ки то гузаронидани ҷарроҳӣ ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуданд. Тибқи ташхиси такрорӣ, дар майнаи сар боқимондаҳои омоси мағзи сар дида намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар самти табобати бемориҳо аз ҷониби табибон якчанд ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронида шуданд. Инҳо ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндоҷарроҳӣ, осебшиносӣ ва ортопедия, кардиология, офталмология, нейроҷарроҳӣ, колопроктология, соҳаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ва ғайра мебошанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






