Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд

Октябрь 17, 2025 15:11

ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии сарони се давлат- Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, Форуми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд итилоъ доданд.

Ҳадафи Форуми сулҳи Фарғона таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Баргузории он мардумони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар менамояд.

Дар форум гуфта шуд, ки саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа муҳим мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкории зич дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 17, 2025 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст