Даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниҳои ин соҳаро фаро гирифт

Октябрь 24, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки зимни он ба иштирокчиёни даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» сертификатҳо супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Даври омӯзишӣ аз 13 то 24 октябр идома ёфта, зимни он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла  Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мақомот бо асосҳои моликияти зеҳнӣ шинос шуданд.

Ба даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» дар баробари мутахассисони дохилӣ, инчунин мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади мубодилаи таҷриба оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҷалб карда шуданд. Даври омӯзишӣ ҳама паҳлуҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла назария, эҷод, пешниҳод, санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниро фаро гирифт.

АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд