Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси ба номи Акакия Серетелии Гурҷистон тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ин замина дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи давлатии Кутаиси Шалва Киртадзе баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ, барномаҳои таълимӣ, омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани барномаҳои мубодилаи устодон ва донишҷӯёнро баррасӣ намуданд.
Убайдулло Асрорзода таъкид кард, ки робитаҳои илмӣ ва таълимӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ барои тақвияти зарфияти таълимӣ ва илмии донишгоҳ, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти калон доранд.
Шалва Киртадзе омодагии Донишгоҳи давлатии Кутаисиро барои ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар самти омӯзиш, таҳқиқот, ташкили семинару конфронсҳои байналмилалӣ ва табодули академии донишҷӯён иброз намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд. Ин ёддошт барои рушди муносибатҳои академӣ ва илмии ҳарду донишгоҳ заминаи устувор мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






