Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Октябрь 9, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳолати кунунии ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла  густариши ҳамкории минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда ва ташаббусҳои нав баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқоти  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Бауман  татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО Қайроққум», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва Барномаи рушди соҳаи энергетикаро баррасӣ  намуданд.

Ҳамсуҳбатон барои густариши ҳамкории минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда ва ташаббусҳои нав изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид