«DUSHANBE INVEST-2025». 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ба имзо расид

Октябрь 15, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 созишнома ба маблағи 333,5 миллион доллари амрикоӣ, дар соҳаи саноат 9 созишнома ба маблағи 386 миллион доллари амрикоӣ, Вазорати энергетика 5 созишнома ба маблағи 2,4 миллиард доллари амрикоӣ бо шарикони худ ба имзо расониданд. Ин санадҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергетика, саноат, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт нигаронида шудаанд. Инчунин 4 созишномаи дигар дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расиданд, ки маблағи умумии онҳо 8,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид.

Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос намуд.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 нафар иштирокдорон-меҳмонон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ҳузур доранд.

Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар гирифт. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» намоишгоҳи «Душанбе Инвест – 2025» ташкил карда шуд. Дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, агробизнес, сайёҳӣ, инчунин фазои сармоягузорӣ ва молу маҳсулоти тавлидии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид