«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест–2025» байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин санадҳо ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ равона гардида, татбиқи онҳо дар марҳилаҳои минбаъда ба рушди бахши энергияи «сабз» ва диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир Манучеҳр Сафарзода ба имзо расонид.
Протоколҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда:
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Вуҳан Билдинг Материал Индастри Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила.
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар ду марҳила.
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Эҷинг Текнолоҷӣ (Ҷумҳурии Мардумии Чин) оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рокс Групп» (кишвари Ветнам) оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори то 1000 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Росатом Энергияи Барқароршаванда» (Федератсияи Русия) оид ба омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори то 500 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






