«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд

Октябрь 15, 2025 22:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир»-и пойтахт барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» барномаи рангину ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид, сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар доираи барномаи фарҳангӣ ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ, урфу одатҳои мардуми тоҷик, анъанаҳои миллии тоҷикон ва ҳамзамон маҳсулоти кишоварзию саноатӣ низ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки 16 октябр дар Боғи «Куруши Кабир» бахшида ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ва Русия барномаи консертии дигар баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 16 октябр шаҳри Душанбе мизбони чорабинии сатҳи баланди иқтисодӣ — Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» буд. Дар форум ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва коршиносон иштирок намуданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад