«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар маҷмуъ 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар ба имзо расид

Октябрь 15, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар маҷмуъ 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4,1 миллиард доллари ИМА ба имзо расид. Дар ин хусус имрӯз, 15 октябр зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ хабар дод.

Тибқи иттилои Султон Раҳимзода, аз шумораи умумии созишномаҳо 17 адад ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки маблағи умумии онҳо 501 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, пагоҳ, 16 октябр бо сафарҳои шиносоии иштирокчиён ба мавзеъҳои сайёҳию таърихии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Роғун ва Норак анҷом меёбад.

Дар кори форум намояндагони сатҳи баланди ҳукуматии давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаҳо ва чорабиниҳои канории форум масъалаҳои рушди ҳамкории сармоягузорӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, тавсеаи шарикӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва инфрасохтор баррасӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид