«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд

Октябрь 16, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» иборат аз намояндагони давлатҳои хориҷӣ- Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Малайзия, Амрико ба тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» рафта, бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Меҳмононро дар майдони Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» чун анъанаи неки мардуми тоҷик бо нону намак ва бо суруду мусиқӣ истиқбол гирифтанд. Меҳмононро роҳбарияти шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Зимни тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» ба меҳмонон доир ба таърихи ин Маҷмааи таърихӣ маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки Қалъаи Ҳисор ёдгории таърихӣ –фарҳангӣ буда, дорои таърихи сеҳазорсола мебошад. Қалъаи Ҳисор ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ —уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳноӣ доштааст. Дарвозаҳои қалъа дар асри 16 сохта шуда, имрӯз пурра таҷдид гардидаанд. Қалъа аз ду манора, корвонсаро ва ду мадраса, ки якеаш осорхонаи этнографӣ мебошад, иборат аст.

Дигар бозёфтҳои таърихӣ, ки аз наздикии Қалъаи Ҳисор пайдо шудаанд, мақбараи Махдуми Аъзам, масҷиди сангин ва чашмаи моҳиён мебошанд. Соли 2015 дар доираи таҷлили 3000 –солагии шаҳри Ҳисор дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор бозори ҳунармандон ташкил гардид.

Дар дӯкону растаҳои бозори ҳунармандон маҳсули ҳунарҳои ҳунармандони чирадасти водии Ҳисор: пероҳанҳои миллӣ, ороишоти занона ва армуғонҳои гуногуни бо рамз ва анъанаҳои миллӣ истеҳсолгардида ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд. Меҳмонону сайёҳон на танҳо онҳоро тамошо намуда, бо фарҳанги тоҷикон шинос мегарданд, балки аз онҳо харида, аз Тоҷикистон ҳадя мебаранд.

Меҳмонон ҳамзамон Осорхонаи этнографии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик шинос шуданд.

Имрӯз гурӯҳи дигари меҳмонон ва иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба шаҳрҳои Роғун ва Норак рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос гардиданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд