«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабири пойтахт барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» барномаи рангину ҷолиби консертӣ ташкил менамояд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз зимни баргузории ҷаласаи сармоягузории Тоҷикистон иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ва инчунин Русия иштирок намоянд. Инчунин ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ, урфу одатҳои мардуми тоҷик, анъанаҳои миллии тоҷикон ва ҳамзамон маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Ҳамзамон пагоҳ, 16 октябр дар Боғи Куруши Кабир бахшида ба Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ва Русия барномаи консертӣ доир мешавад.
Бояд иброз намуд, ки аз 14 то 16 октябр шаҳри Душанбе мизбони чорабинии сатҳи баланди иқтисодӣ- Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” мебошад. Дар форум ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва коршиносон иштирок доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






