Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гилонӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода зимни мулоқот иброз намуд, ки барои мо — вакилони халқ ҳамкории байни кишварҳоямон, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва дӯстӣ асос ёфтааст, аҳаммияти бузург дорад.
«Ҳамкории дуҷонибаи мо пайгирона рушд намуда, тайи солҳои охир аз сатҳи робитаҳои оддии байнидавлатӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфтааст. Робитаҳои байнидавлатии мо бар асоси беш аз 96 созишномаи байналмилалӣ рушд ёфта, ин ба самаранокии талошҳои дипломатии ҳар ду ҷониб мусоидат менамояд»,-гуфт Файзалӣ Идизода.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо муносибатҳои мо дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои дифоъ, амният, савдо, энергетика, сармоягузорӣ, нақлиёт, туризм, илм ва фарҳанг босуръат рушд доранд.
Дар вохӯрӣ мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Шурои нави Парламентии Осиё ва Африқо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






