Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд

Октябрь 23, 2025 15:57

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи мушовара оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои ин Созмони назди Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни вохӯрӣ Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки  ҷаласаи имрӯза ҳамчун механизми зарурии густариши ҳамкорӣ байни парламентҳои кишварҳоямон дар соҳаи мудофиа ва амният бори дигар масъулияти баланди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар ҳифзи сулҳ, оромӣ,  субот ва амният дар минтақа собит менамояд.

Иброз гардид, ки ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Ассамблеяи парламентӣ  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

«Маҳз Ассамблеяи парламентӣ     фаъолияти дастҷамъонаро тақвият дода, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ,  мубодилаи таҷриба ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии ҳамкории самараноки сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои аъзо мусоидат мекунад. Саҳми шумо дар таҳкими заминаи ҳуқуқии амнияти дастҷамъӣ ва такмил додани низомҳои миллии мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ бисёр баланд  аст»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пайгиронаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмиро пеш мебарад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҷаласа имконияти зарурӣ фароҳам меорад, то роҳҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии дифои дастҷамъӣ баррасӣ, таҷрибаи амалӣ мубодила ва афзалият барои ояндаи наздик муайян карда шаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2025 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид