Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи мушовара оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои ин Созмони назди Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни вохӯрӣ Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки ҷаласаи имрӯза ҳамчун механизми зарурии густариши ҳамкорӣ байни парламентҳои кишварҳоямон дар соҳаи мудофиа ва амният бори дигар масъулияти баланди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар ҳифзи сулҳ, оромӣ, субот ва амният дар минтақа собит менамояд.
Иброз гардид, ки ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Ассамблеяи парламентӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
«Маҳз Ассамблеяи парламентӣ фаъолияти дастҷамъонаро тақвият дода, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии ҳамкории самараноки сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои аъзо мусоидат мекунад. Саҳми шумо дар таҳкими заминаи ҳуқуқии амнияти дастҷамъӣ ва такмил додани низомҳои миллии мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ бисёр баланд аст»,-гуфт Файзалӣ Идизода.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пайгиронаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмиро пеш мебарад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҷаласа имконияти зарурӣ фароҳам меорад, то роҳҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии дифои дастҷамъӣ баррасӣ, таҷрибаи амалӣ мубодила ва афзалият барои ояндаи наздик муайян карда шаванд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






