Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 24, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

— Комёбиҳои бузургу беназире, ки дар муносибатҳои мо ба даст омадаанд, — изҳор намуд Файзалӣ Идизода,- самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина бояд нақш ва аҳаммияти ҳуҷҷатҳои асосӣ — Эъломияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 майи соли 2024 имзо гардида, ба рушди муносибатҳои  кишварҳоямон  дар дурнамои дарозмуддат такони иловагӣ мебахшанд, бояд иброз намуд.

Таъкид гардид, ки вакилони парламентҳои ҳарду давлат метавонанд дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи тарафҳо буда, ба пешрафти фаъолият дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид