Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд

Октябрь 9, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода баён дошт, ки ташкили ниҳоди умумибашарии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон далели роҳи устувори демократии рушди давлатҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки Институти омбудсмен, ки соли 2008 таъсис ёфта, дар пайи он дар давлати мо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ташкил шуд, дар ҷараёни ислоҳоти ҳуқуқӣ самаранокии худро нишон медиҳад.

«Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ин ниҳод ба таҳкими кафолатҳои конститутсионӣ барои ҳифзи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва мусоидат ба риояи онҳо равона гардидааст», — гуфт Файзалӣ Идизода.

Иброз гардид, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои стратегӣ байни давлатҳоямон аз фаъолияти босамари парламентҳо, робитаҳо байни идораҳо ва ниҳодҳои соҳавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ вобаста аст. Дар ин замина Парламенти Тоҷикистон дар пешрафти раванди ҳамкории дуҷониба саҳми муносиб мегузорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид