Форуми байналмилалии Тоҷикистону Эрон таҳти унвони «Пули эътимод ва рушд» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пули эътимод ва рушд» бо иштироки ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси Раёсати созмон Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ, ҷомеаи касбии молиявӣ ва коршиносон форуми байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки «сафари ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Эрон ба Тоҷикистон як қадами муҳими амалӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди ниҳодҳои молиявии мост. Табодули таҷриба бо созмон ба мо барои суръат бахшидан ба татбиқи фишангҳои муосири маблағгузорӣ, аз ҷумла фишангҳои исломӣ ва «сабз» ва баланд бардоштани сифати амалияҳои назоратӣ мусоидат хоҳад намуд».
Дар форум масъалаҳо вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ, рақамикунонии инфрасохтори платформаи савдо, ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Барномаи форум аз ҳамоиши омӯзишӣ ва тренингҳои касбӣ, ҷаласаҳои мавзуӣ оид ба «Муқаддима ба бозори сармояи Эрон», «Фишангҳои молияи исломӣ», «ESG ва маблағгузории сабз», «Идоракунии корпоративӣ ва назорат дар бозорҳои рушдёбанда», муҳокимаҳои панелӣ бо иштироки танзимгарон, бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва эмитентҳои потенсиалӣ, гуфтушунидҳои B2B ва G2B барои густариши робитаҳои амалӣ ва мубодилаи таҷриба иборат буданд.
Дар доираи форум зиёда аз 80 нафар иштирокчӣ аз вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои калони ватанӣ пас аз анҷоми барномаи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






