Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 100 000 cомониро чор нафар иштирокчии фаъоли озмун: дар номинатсияи санъати тасвирӣ Файзигул Раҷабова аз шаҳри Ваҳдат, дар номинатсияи навозандагӣ Разияллоҳ Убайдзода аз ноҳияи Файзобод, дар номинатсияи сарояндагӣ Наврӯзи Досӣ аз шаҳри Душанбе ва дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Обидҷон Масаидов аз шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн ва ҳар номинатсия аз рӯйи се жанр ва номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯйи ду жанр доир карда шуд. Ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (70 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуюм- ду нафар (50 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- се нафар (30 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва Диплом тақдим карда шуданд.
Тибқи Низомномаи озмун, имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
Инчунин ба омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) ба тариқи суҳбат, ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






