«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 13 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 13 нафар довталабон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври шаҳрии озмун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи довталабон баргузор гардид. Дар он 5 омӯзгор, 1 докторанти PhD ва 15 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дониш ва маҳорат санҷиданд. Аз байни онҳо 13 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба густариши тафаккури илмӣ-техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани завқи навоварию ихтироъкорӣ ва пайвастани илм бо истеҳсолот равона гардидааст. Ҳамзамон он муҳити созгорро барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ ва дақиқ фароҳам оварда, дар кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон саҳми назаррас мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо мақсади татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) баргузор мегардад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






