Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вазъи хизматрасонии почта дар Тоҷикистон, имконияти нави логистикӣ, истифода аз технологияи муосири хизматрасонӣ, бахусус гузариш ба нақлиёти гуногунсохти барқӣ зимни вохӯрии директори Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» бо гурӯҳи намояндагони ширкати машваратии «AETS»-и Фаронса баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар доираи Барномаи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои Лоиҳаи миллии ҳаракати барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ширкати машваратии «AETS»-и Фаронса бо шароит ва имконияти мавҷуда дар муассисаҳо ва идораҳои дахлдор шинос шуда, барои ташаккули ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Инчунин дар вохӯрӣ ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии идораҳои почта бо нақлиёти барқии гуногунсохт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт ба баланд гардидани фаврият ва сифати хизматрасонии почтавӣ мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо ба нақшаҳои пешниҳодгардида дар самтҳои афзалиятнок баҳои баланд дода, зарурати таҳкими ҳамкориро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба шарикони рушд иттилоъ дода шуд, ки имрӯз тавассути Почтаи Тоҷикистон ба 192 давлати дунё мактубҳо ва дигар молу маҳсулот ирсол мегардад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






