Имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Шарҷа муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии устувори Тоҷикистон барои таҳкими иқтисоди пойдор ва устувор тибқи «Стратегияи ҷалби сармоягузорӣ то соли 2040» дар Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, таъкид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода афзалияти асосии миллӣ- гузариш ба иқтисоди «сабз», ҷалби сармоягузории «сабз», таҷдиди соҳаи саноат ва таҳкими инфрасохтори рақамиро дар мамлакат махсус таъкид намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақши стратегии он дар пешбурди энергияи «сабз» ва барқароршаванда дар минтақа зоҳир гардид.
Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ аз ҷониби Идораи сармоягузории Шарҷа (Sharjah FDI Office), Созмони ҷаҳонии пешбурди сармоягузорӣ (WAIPA) ва Вазорати сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ташкил шуд. Дар он вазирон, роҳбарони агентиҳои сармоягузорӣ ва намояндагони бахши хусусии беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок ва роҳҳои таҳкими ҳамкорию стратегияи инноватсионии сармоягузории устуворро баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






