Коршиносон самтҳои асосии рушди маблағгузории иқлимӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Октябрь 15, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар мавзуи «Маблағгузории иқлимӣ ва бозорҳои карбон» ҷаласаи панелӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ Ховар.

Ташкилкунандаи ҷаласа Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ аҳамияти баён намудани иқтидори рушди устувори Тоҷикистонро таъкид кард.

Роҳбари Маркази рушди устувори Бонки рушди АвруОсиё Евгения Клочкова дар мавзуи «Маблағгузории иқлим ва бозорҳои карбон: таҷрибаи БРАО» рӯнаморо муаррифӣ намуд. Муаррифӣ ба таҷрибаи Бонки рушди АвруОсиё дар таҳияи портфели лоиҳаҳои “сабз” ва чӣ гуна омезиши абзорҳои гуногуни молиявӣ ва ғайримолиявӣ метавонад ба рушди ками карбон дар Осиёи Марказӣ мусоидат кунад, бахшида шуд.

Баъдан бо иштироки коршиносони Маркази молияи сабзи Маркази байналмилалии молиявии Остона, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ва дигар ташкилот мубоҳиса доир гардид.

Зимни музокира коршиносон самтҳои асосии рушди маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон, аз ҷумла механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ ба неруи устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва зерсохтори сабзро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташаккули бозорҳои шаффоф ва муассири карбон, рушди системаҳои баҳисобгирию санҷиши партовҳо ва таъмини тақсими одилонаи фоида аз лоиҳаҳои иқлим равона карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа барориши аввалин вомбаргҳои мустақили «сабз» дар бозори озод ва кушодани дафтарчаи ордерҳо- QR-рамзҳо эълон карда шуд. Ин рамзҳо имкон медиҳанд, ки фармоиши пешакӣ барои хариди онҳо пешниҳод гардида, инчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки маблағҳои ҷалбшуда ба онҳо равон карда мешаванд, маълумоти мухтасар дода шавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд