Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар доираи иштирокаш дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест -2025», ки аз 14 то 16 октябр дар Душанбе баргузор гардид, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Зимни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Татяна Молчан аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносоии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






