Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст

Октябрь 18, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000-ро, ки шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, татбиқ намуда истодааст. Корҳои сохтмони лоиҳаи мазкур дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар қисмати Афғонистон дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар ин хусус зимни Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025», ки аз 14 то 16 октябр дар пойтахти мамлкат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ин форум Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «кишвари мо имкониятҳои бузургро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои азим дар соҳаи энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ доро мебошад.Иқтидори солонаи неруи барқи обии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ 5 фоизи он истифода мегардад. Ин имконияти беназирро барои сармоягузории дарозмуддат ба энергияи устувори оянда, ки талабот ба он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш ёфта истодааст, муҳайё месозад».

«Дар ин замина, мо раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз кардем. Мо ширкатҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки ба ин лоиҳаҳои ояндадор сармоягузорӣ намоянд»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки 15 октябр зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ хабар дод, ки дар доираи форум дар маҷмуъ 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4,1 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.

Тибқи иттилои Султон Раҳимзода, аз шумораи умумии созишномаҳо 17 адад ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки маблағи умумии онҳо 501 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ “Ховар”

Октябрь 18, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд