Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» қабули ҳуҷҷатҳоро дар доираи барномаи «Stipendium Hungaricum» ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.
Бар асоси ин барнома, довталабон метавонанд барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Маҷористон дархост пешниҳод намоянд.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 феврали соли 2026 идома ёфта, хоҳишмандон барои дарёфти ин бурсия метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон тибқи талаботи барномаи мазкур довталабон бояд худро дар сомонаи расмии “Stipendium Hungaricum” ба қайд гиранд.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






