Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Октябрь 15, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Санади мазкур аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва муассиси Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Сунил К.С. ба тасвиб расид.

Мақсади Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва амалии ҳамкорӣ, ҳифзи робитаҳои мунтазам ва рушди муносибатҳои судманд байни ду муассисаи таҳлилӣ мебошад.

Дар доираи ёддошт ҷонибҳо ба ташкили чорабиниҳои муштарак,  аз ҷумла семинарҳо, ҳамоишҳо ва барномаҳои таҳқиқотӣ, инчунин табодули мутахассисон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ авлавият медиҳанд. Мубодилаи адабиёт ва нашрияҳои илмӣ низ дар назар аст.

Имзои Ёддошти ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ байни Тоҷикистон ва Непал арзёбӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад