Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо, шаффофият ва риояи стандартҳои байналмилалӣ имрӯз дар мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Директори департаменти харид ва идоракунии молиявии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аамир Мир баррасӣ гардид.
Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, то бонк дар тезонидани расмиёти харид ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидат намояд.
Таъкид гардид, ки мусоидати фаъоли техникии бонк ва истифодаи механизмҳои муосири харид барои баланд бардоштани сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
Мусоҳибон имконияти ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони хариди лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (бо таваҷҷуҳ ба банақшагирӣ, тайёркунии ҳуҷҷатҳо, баҳогузорӣ ва назорати иҷро), инчунин ҷалби мушовирони тахассусиро барои дастгирии гурӯҳҳои татбиқкунанда муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






