Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид

Октябрь 9, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия Анна Попова доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани табодули таҷрибаи табибонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад.

Ҷамолиддин Абдуллозода  аз ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба густариши бештари ҳамкорӣ сухан гуфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба роҳ мондани табодули таҷрибаи табибон ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд