Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ки 13-14 октябр дар шаҳри Бухарести давлати Руминия баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, конфронс аз ҷониби Ҳукумати Руминия ва Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ташкил карда шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти калидиеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи кӯдакон ба роҳ мондааст, муаррифӣ намуд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ислоҳоти ҳамаҷониба вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро ба таври қонунӣ манъ намуда, лоиҳаи барномаи миллиро таҳия намудааст. Он пурзӯр намудани низоми миллӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва васеъ намудани хизматрасонӣ дар ҷомеаро барои таъмини он, ки ҳар кӯдак дар бехатарӣ ва бо иззату эътибор ба воя расад, пешбинӣ менамояд.
«Бо такя ба ин дастовардҳо нақшаҳои ояндаи мо дар саросари ҷумҳурӣ таъсис додани марказҳои типи Барнаҳус ва такмил додани механизмҳои арзу шикоят дар мактабҳо мебошанд»,-таъкид дошт Дилрабо Мансурӣ.
Дар рӯзи дуюми конфронс мулоқотҳои дуҷониба ва ҷаласаҳои фаннӣ бо таваҷҷуҳ ба пешгирӣ, дастгирии оила ва равишҳои байнисоҳавӣ идома ёфта, барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ платформаи арзишманд барои табодули таҷриба ва ҳалли масъалаҳои марбут ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак фароҳам оварда шуд.
Конфронси сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бо натиҷагирӣ аз баргузории нахустин конфронси ҷаҳонии сатҳи олӣ дар шаҳри Боготаи Колумбия як сол қабл бо фарогирии ҳайати ҳукуматӣ аз минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






