Музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, — изҳор доштанд дар оғози музокирот Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.
Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.
Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд.
Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд.
Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт.
Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт.
Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва таҳкими сулҳу суботи дарозмуддат дар минтақа хизмат хоҳад кард.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






