Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 16-уми Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақвияти савдои ҷаҳонӣ, сармоягузорӣ барои оянда, рушди устувор ва иқтисоди рақамӣ аз ҷониби коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи 16-уми Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд 22 октябр Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуда, ҳамчун муовини ҳамоҳангсози гурӯҳи мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи амали Вена барои солҳои 2014-2024» ва «Барномаи амали Аваза барои солҳои 2024-2034» суханронӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






