Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Дар конфронс вазирони меҳнат ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо, инчунин намояндагони ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, коршиносон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Дар конфронс масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштарак байни кишварҳои аъзо ва тақвият бахшидан ба ҳамгироӣ ва таҳкими сиёсати меҳнатӣ байни ниҳодҳо ва сохторҳои аъзои ин Созмон, сабабҳои бекорӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, рушди малакаҳои касбӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба меҳнати арзанда ва ноил шудан ба рушди устувор баррасӣ гардиданд.
Дар доираи конфронс Солеҳа Холмаҳмадзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Алӣ Бин ал-Маррӣ мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар» аз 3 феврали соли 2019 ибрози назар карда, аз фароҳам будани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкорӣ ёдовар шуданд.
Аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода вазъи ҳамкорӣ дар самти танзими қувваи корӣ баён шуда, барои таҳкими ҳамкорӣ пешниҳодҳо манзур гардиданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






