НАМУНАИ ИБРАТ. Раиси ноҳияи Восеъ ва раиси Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ писаронашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд

Октябрь 1, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ дар қатори ҷавонписарони дигар Раиси ноҳияи Восеъ писарашро барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар медиҳад.

Имрӯзҳо сафи ихтиёриён барои хизмат дар артиши Тоҷикистон зиёд гардида, ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар қарзи ҷавонмардонаи худро бо сари баланд иҷро мекунанд. Ин амали раиси ноҳия нишонаи масъулияти баланди ватандӯстӣ буда, барои дигар роҳбарони шаҳру ноҳияҳо намунаи ибрат мебошад.

Бояд иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Роҳбарони ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони Парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо бояд дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳама табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд».

Дар робита ба ин таъкиди Сарвари давлат раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Акбар Почозода низ бо ифтихор писарашро барои адои хизмат ба Артиши миллӣ гусел намуд.

Акбар Почозода изҳор дошт, ки “хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавон мактаби мардонагӣ, далерӣ ва ватандӯстӣ мебошад, зеро ҷавонон маҳз дар ҳамин мактаб обутоб ёфта, ба қадри Ватан, падару модар ва сарзамини хеш мерасанд”.

Ӯ таъкид намуд, ки интихоби фарзандаш барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз хатми таҳсил на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки намунаи ибрат барои ҷавонони дигар мебошад. Бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон бо ифтихор ва омодагии баланд қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд.

«Хизмат ба Ватан шараф ва масъулияти бузург аст. Имрӯз, ки фарзанди ман баъди хатми донишгоҳ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайвандад, ин нишони ифтихори мо ва эҳтироми оилаамон ба давлату миллат мебошад», — изҳор дошт раиси ҷамоат.

Худи даъватшаванда Достонхоҷа Қобилов, ки бо азму ихтиёри хеш ба хизмати Ватан меравад, гуфт, ки «баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтам қарзи муқаддаси шаҳрвандиро иҷро намоям. Барои ҳар ҷавони соҳибмаълумот низ хизмат дар артиш зарур аст, зеро ин мактаби тарбия ва садоқат ба Ватан аст. Ман бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ меравам».

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 1, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад