Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Андрей Назаров мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Андрей Назаров, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи бештар ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо мулоқоту музокиротро идомаи татбиқи сиёсати созандаи сарони давлатҳо барои ба сатҳи нав баровардани ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия номиданд.
Ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд анҷом дода шуд.










Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






