«ОМӮЗГОР — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА СУТУНИ ҶОМЕА». Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи омӯзгоронро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, таҳти унвони «Технологияи баланд бардоштани мақому манзалат ва уҳдадориҳои омӯзгор» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф маблағгузории ин соҳаро сол ба сол зиёд намуда, барои кормандони соҳа ва омӯзгорону донишҷӯён шароити хубу муосири кору зиндагӣ ва таълимро пайваста фароҳам меорад.
Ба таъкиди иштирокчиён, ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф он аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта шуда, насли ояндасози мамлкат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз намуд, ки ҷаҳони имрӯз дар марҳилаи нави таърихӣ қарор дорад. Тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар заминаи равандҳои амиқи ҷаҳонишавӣ на танҳо ҷаҳонбинии ҷомеаро дигар месозад, балки ниёз ба рушди неруи инсонӣ ва сатҳи маърифати ҷомеаро боз ҳам амиқтар менамояд. Дар чунин шароит нақши омӯзгор чун роҳнамо ва роҳбари фикрию ахлоқии наслҳои ояндасоз беш аз ҳар вақти дигар зарур ва сарнавиштсоз гардидааст.
Дар конференсия иброз гардид, ки омӯзгорӣ касби пуршарафу меҳварӣ буда, имрӯз ҷомеаи башарӣ бештар аз ҳар вақти дигар ба неруи маънавии омӯзгор ниёз дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






